Иҷозатномаи мо дароз карда шуд!

posted in: Без рубрики | 0
Ташкилоти суғуртавии “Эсхата Суғурта” барои иҷрои хизматрасониҳои суғуртавӣ дар соҳаи суғуртаи молу мулк, суғуртаи аграрӣ ва суғуртаи тиббӣ, иҷозатномаи худро дароз намуд.
Иҷозатнома таҳти рақами НС-07-06, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2007 дода шудааст, бо фармони Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2017 муҳлати иҷозатнома дароз карда шудааст. Иҷозатномаи нав суғуртаи хавфҳои кишоварзиро барои кишт ва ҳосили оянда аз хатарҳои иқлим дар бар гирифт.
Ташкилоти суғуртавии “Эсхата Суғурта” нақша дорад, ки ба мизоҷон хизматрасониҳои дастрас ва бо сифатро расонад. Ташкилоти суғуртавӣ нақшаи пур кардани навъҳои суғуртавӣ ва рушд намудани технологияи хизматрасониро дорад.
Хабарҳо аз навъҳо ва соҳаҳои навро аз Эсхата Суғурта пайравӣ кунед.