Ҷуброни суғуртавӣ барои таъмири мошинаи сабукрав дар шаҳри Бохтар

posted in: Без рубрики | 0
Ташкилоти суғуртавии “Эсхата Суғурта” дар доираи шартномаи суғуртаи нақлиёти автомобилӣ ба маблағи 33,292 сомонӣ пардохт намуд.
Ронанда бо мақсади пешгирӣ намудани садамаҳои автомобилӣ бо иштирокчиёни дигари роҳ, идораи мошинаро гум кард ва дар натиҷа ба садама дучор шуд. Пеши мошинаи автомобилӣ зарба дид. Хушбахтона, ҳеҷ кас осеб надидааст. Коршиносони «Эсхата Суғурта» бо мақомотҳои ваколатдори шаҳри Бохтар ҳисоботи андозаи зарарро муайян карданд ва садамаро чун ҳодисаи нохуш муайян карданд.
Андозаи зарар 33,292 сомониро ташкил дод ва Эсхата Суғурта пас аз гирифтани хулоса фавран ҷуброни суғуртавиро пардохт кард. Ин маблағ ба таъмири пурра, қисмҳои эҳтиётӣ ва ранги мошина равона карда шуд.