Суғуртаи аграрӣ аз хатарҳои иқлим.
Дар айни замон, Эсхата Суғурта оид ба татбиқи лоиҳаи нав дар самти суғуртаи аграрӣ – корҳои омузишӣ барои пешниҳоди суғурта аз ҳодисаиҳои иқлимро гузаронда истода аст.
Мувофиқи омӯзиши муассисаҳои тағйирёбии иқлим, як қатор рӯйдодҳои эҳтимолӣ дар тағйироти глобалии метеорологӣ вуҷуд доранд. Дар асоси ин шароитҳои номусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ба монанди зимистони бавақт, ҳарорати гармии ҳаво дар фасли зимистон, хушксолӣ, ҳарорат ва офтоби баланд дар давраи тобистон ва дигар ҳолатҳои иқлимӣ сабт шудаанд. Мувофиқи хоҷагиҳои деҳқонии мо, шароити обу ҳаво дар ҳосилнокии зироат таъсири муҳим мебозад.
Дар оғози мавсими кишти соли 2019, оғози лоиҳаи пилотӣ оид ба суғуртаи кишоварзӣ дар соҳаи истеҳсоли зироатҳо интизор меравад.
Лоиҳаи мазкур бо қарори ҶСК “Бонки Эсхата” якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ, ки дар таъмин ва татбиқи суғуртаи кишоварзӣ дар мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон иштирок мекунанд, оғоз гардид. Чунин лоиҳаҳо дар ИМА, Канада, Гурҷистон, Сербия, Қазоқистон, Украина, Молдова ва дигар кишварҳои Африка ва Осиё амал мекунанд. Гурӯҳи кормандони мо лоиҳаи навро таҳия хоҳад намуд ва дар ояндаи наздик деҳқонони боғайрати кишвар метавонанд бо воситаи идоракунии алтернативии иқлими хатарнок аз ин лоиҳа худро ва ҳосили худро ҳифз намоянд.